Чӯҷаҳои рангин: соҳибкоре дар Хуҷанд чӯҷаҳои рангин "ихтироъ" кард

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкЦыплята, архивное фото
Цыплята, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мурғпарваре дар шаҳри Хуҷанд идеяи рангубори ҷӯҷаҳо ва фурӯши онро амалӣ намуд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бино бар иттилои расонаи СМ-1,  мурғпарваре дар шаҳри Хуҷанд идеяи рангубори ҷӯҷаҳо ва фурӯши онро амалӣ намуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар бозори мурғфурӯшии вилояти Суғд ҷӯҷаҳо бо рангҳои сурх, зард, сабзу кабуд ва ғайра ба фурӯш гузошта мешаванд.

Мурғпарвар Тоҳир Холматов, ки ба фурӯши даҳҳо сар ҷӯҷаҳои рангоранг дар бозори "20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" машғул аст мегӯяд, бачаи мурғро бо ранги озуқаворӣ оро додааст. 

Дар корхонаи паррандапарварӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
20-сарӣ ба ҳар хоҷагӣ: мақомоти Зафаробод ройгон мурғ тақсим мекунад

"Пас аз ду рӯзи баромадани ҷӯҷа аз тухм онро дар ҳарорати муаян ранги озукаворӣ медиҳем ва то 3-4 моҳ ранги ин ҷӯҷаҳо бетаъғир боқӣ мемонад. Аммо ҳангоми ба дохили об даромадан рангаш нисбатан паст мегардад. Нархи як ҷӯҷаи таҷрибавӣ назар ба ҷӯҷҳои рангнокарда то ду се сомонӣ гаронтар арзиш дорад",- мегӯяд мурғпарвар.

 Коршиносони соҳаи парандапарварӣ ин идеяро як василаи хуби тиҷорат арзёбӣ карданд. Онҳо мегӯянд, ки ҷӯҷаҳои рангкардашуда ба сиҳатии дигар парандаҳо ва одамон хатарзо нест. Ин бори нахуст аст, ки дар вилояти Суғд ҷӯҷаҳоро бо рангҳои махсус оро дода ба фурӯш мегузоранд ва ҳоло ҳаводорони бештареро пайдо кардааст.

Лентаи хабарҳо
0