Давлатманд Холов бо овозхонони Белгия дар Душанбе ҳунарнамоӣ кард

© Flickr \ ArtBrom / Гузариш ба медиабонкСцена, архивное фото
Сцена, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди номдори Тоҷикистон, Давлатманд Холов бо гурӯҳи овозхонии "Duo Shiraz" дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ҳунарнамоӣ кард

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ дирӯз, 10 июл ҳунармандон аз Белгия ва овозхони номдори тоҷик, Давлатманд Холов дар Душанбе ҳунарнамоӣ карданд.

Барномаи консертӣ дар бинои Консерваторияи миллӣ соати 17:00 оғоз шуда буд.

Ин барнома бо иштироки ҳунарпешагони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор шудааст.

Гурӯҳи "Duo Shiraz" аз шаҳри Ҷенти Ҷумҳурии Белгия ҳамроҳи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов барномаи рангини консертиро, ки асарҳои композиторони ҷаҳониро дар бар гирифтааст, манзури меҳмонони чорабинӣ гардонидаанд.

Лентаи хабарҳо
0