06:10 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Хушбахтона, Ситоди ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд сари вақт ба ёрӣ расида, ғарқшавандагонро наҷот додааст

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Чуноне ки Шаҳзода Бутаева аз Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, танҳо рӯзи 9-уми июл дар ҳудуди вилояти Суғд 5 мавриди ғарқ шудан сабт шудааст.

Бино бар иттилоъи вай, дар ҳама маворид шаҳрвандон қоидаҳои эминиро риоя накардаанд ва аз ин саҳлангорияшон наздик буда, ки "туъмаи" дарё шаванд.

Чунончи, 9-уми июл, ду сокини шаҳри Конибодом, дар маҳалли мамнуъ шино карда, ғарқ шудаанд вале хушбахтона наҷот меёбанд.

Дар шаҳри Гулистон низ се сокини шаҳр ба "Баҳри тоҷик" даромада, ғарқ мешаванд вале кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулода наҷоташон додаанд.

Шаҳзода Бутаева афзуд, ин ҳодисаҳо аз бетаваҷҷуҳии шаҳрвандон ба қоидаҳои эминӣ рух додаанд.

Бино бар ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои эминиро ҳангоми шино дар рӯду обанборҳо риоя кунанд ва дар маҳаллҳои мамнуъ шино накунанд.

Барчаспҳо:
наҷотдиҳандагон, КҲФ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ