02:57 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Футбол, акс аз бойгонӣ

Дар Истаравшан як майдончаи варзишӣ ба баҳрабардорӣ расид

© Sputnik / Алексей Филиппов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Ин майдончаро як соҳибкори маҳаллӣ бо сармоягузории беш аз 100 ҳазор сомонӣ бунёд кардааст

ДУШАНБЕ, 14 июли — Sputnik. Чанде пеш дар деҳаи Боғи Калон аз рустоҳои ҷамоати Гули сурх дар шаҳри Истаравшан майдончаи варзишии "Себзор" ба баҳрабардорӣ расид.

Бино бар иттилоъи дафтари матбуъотии ҳукумати вилояти Суғд, ин майдончаро соҳибкори маҳаллӣ Абдурасул Музуллоев бо сармоягузории беш аз 100 ҳазор сомонӣ сохта аст.

Ҳукумати вилояти Суғд афзуда, ки дар шаҳри Истаравшан беш аз 270 созаи варзишӣ ба баҳрабардорӣ расида ва сохтусози толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бо сармоягузории бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ идома дорад.

"Дар шаҳр барномаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоъӣ, фарҳангиву варзишӣ, бунёдкориву навсозӣ ва таъмиру тармими созаҳои варзишӣ ба хотири дастгирии ҷавонону наврасон идома дорад", — гуфта мешавад дар хабар.

Барчаспҳо:
майдони варзишӣ, соҳибкор, Истаравшан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ