Раиси шаҳри Душанбе дастур дод пеши роҳи ришваситониро гиранд

Обуна шудан
Коргурӯҳи фасодзудоии шаҳрдории Душанбе аз корхонаи давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул" боздид кард

ДУШАНБЕ, 14 июли — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе, ба супориши шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар Ҳукумати пойтахт гурӯҳи корӣ барои мубориза бо фасоди идорӣ созмон дода шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин коргурӯҳ бо ҳадафи пешгирӣ аз фасоду ришваситонӣ бо роҳбарону кормандони Корхонаи давлатии "Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул" мулоқот кард.

"Масъалаҳои меҳварии мулоқотро риоя кардани меъёрҳои Сарқонуни кишвар, Кодекси граждании ҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия", "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", ҳамчунин риояи талаботи Кодекси одоб, Низомнома, дастурамалҳои мансабӣ ва санадҳои ҳуқуқии дигар аз ҷониби ҳар як корманди давлатӣ ташкил дод",- гуфта мешавад дар хабар.

Сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мудири бонк ба иттиҳоми ришва додан ба корманди Ожонси мубориза бо фасод дастгир шуд

Аз ҷониби коргурӯҳ ба роҳбарияти корхона тавсия дода шудааст, ки ҳангоми сабти амволи ғайриманқул муқаррароти қонунгузории кишвар риоя кунанд ва "аз фароҳам овардани замина барои ришваситониву фасоди идорӣ пешгирӣ шавад".

Дар пайи ин мулоқоти коргурӯҳ корхонаи "Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул"-ро муваззаф кард, ки аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати шаҳри Душанбе гузориш диҳад.

Лентаи хабарҳо
0