Ҳушдор аз КҲФ: ҳаво дар Суғд 41 дараҷа ва дар Хатлон 44 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешЖара, архивное фото
Жара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи авзоъи фавқулода бар пояи додаҳои Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон аз бисёр гарм шудани ҳаво дар кишвар дар 10 рӯзи оянда ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино бар гузориши Шаҳзода Буттаева, корманди Ситоди авзоъи фавқулодда дар вилояти Суғд, аз 20-ум то 31-уми июл дар бештари қаламрави кишвар ҳаво бисёр гарм хоҳад шуд.

Бино бар додаҳои Созмони ҳавошиносии кишвар, дар ин рӯзҳо ҳаво дар вилояти Суғд 36 — 41 дараҷа ва дар вилояти Хатлон то 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Чуноне, ки САФ вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, бо таваҷҷуҳ ба гарм шудани ҳаво дар кӯҳдоманҳо, кӯҳсорон ва кӯҳистонҳои кишвар хатари фурӯ рехтани селу гилшор ва туғёни рӯдҳо дар паи об шудани пиряхҳо пешбинӣ мешавад.

Бино бар ин КАФ мардум ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар дар роҳҳои кӯҳистонӣ, чаронидани чорво дар кӯҳдоманҳо, гаштугузор зери офтоб, шино дар рӯду дарёчаҳо худдорӣ кунанд.

Дар сурати рӯй додани авзоъи фавқулода мардум метавонанд бо шумораҳои (8-34-22)-5-15-55, 93-880-28-57 бо САФ вилояти Суғд тамос бигиранд.

Лентаи хабарҳо
0