09:27 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Ҷавон бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи марди 76-солае дар шаҳри Кӯлоб даромада пасандозҳояшро дуздида аст

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳри Кӯлоб марди 76-солае аз дуздида шудани дороиҳояш ба милиса шикоят бурдааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин пирамард ба шуъбаи ВУД дар шаҳри Кӯлоб шикоят бурдааст, ки касе аз хонааш 16 900 сомонӣ ва 200 дулори амрикоӣ пасандозашро дуздидааст.

Дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ кормандони милиса ҷавони 21-солаеро дар шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми дуздӣ дастгир кардаанд.

Нерӯҳои интизомӣ барои бозҷӯии шароити ин дуздӣ парванда оғоз кардаанд.

Барчаспҳо:
маблағ, дуздӣ, пирамард, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ