12:03 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7310

Коргоҳи дӯзандагӣ ба истиқболи 26-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтааст

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон ба истиқболи 26-умин солгарди ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон як коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ ёфт.

Ба истиқболи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом як иншооти боҳашамати замонавӣ ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

"Ин маркази нави хизматрасониву маишӣ иборат аз ду ошёна ва таҳхона, ки бо иқдоми соҳибкор Заррина Мамадова сохта ба истифода дода шуд, коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ, мағоза ва тарабхонаро дарбар мегирад",- омадааст дар хабар.

Ҳамзамон дар гузориш қайд мешавад, ки рӯзи ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ аз ҷониби  соҳибкор Мамадова дар туйхонаи "Заррина" хатнасури хайриявии 4 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди деҳа низ баргузор карда шуд. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тӯйдоронро бо ин рӯзи нек шодбош гуфта, туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуданд.

Барчаспҳо:
ҷойи кор, Маркази хизматрасонӣ, соҳибкор, Конибодом, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ