09:49 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Ду рӯз боз дар сохтмони Театри Камоли Хуҷандӣ намоишгоҳи колоҳои ширкатҳои Ҳиндустон бар по аст

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тавре хадамоти матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, намоишгоҳи мазкур давоми чор сол мешавад, ки дар вилоят баргузор мегардад.
Ин бор дар ярмаркаи мазкур 20 ширкати ҳиндустонӣ маҳсулоти нассоҷӣ, ҷавоҳирот, маҳсулоти ороишотӣ, атриёт ва дигар молу колои худро пешкаши мардуми вилояти Суғд намуданд.

Масъулин мегӯянд, ки баргузории намоишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо сурат гирифта, ба хотири наздик намудани аҳли тиҷорат, пайдо намудани ҳамкорони боэътимод ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни халқҳои ду кишвар роҳандозӣ шудааст.

Намоишгохи мазкур, ки санаи 26-уми июл оғоз ёфт, то санаи 8-уми август идома меёбад.

Барчаспҳо:
молу колоҳои Ҳиндустон, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ