Барканории мудирҳои чаҳор мактаб дар Суғд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонк1 сентября в Душанбе
1 сентября в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудирҳои ду мактаб дар шаҳри Панҷиканд, як мактаб дар шаҳри Конибодом ва як мактаб дар ноҳияи Масчо аз симаташон барканор шудаанд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Далели аз симат барканор шудани мудирҳои ин чаҳор мактабҳо худкушӣ ва ё суъиқасд ба ҷон кардани донишомӯзонашон дониста шудааст.

Ба гузориши хабаргузории СМ-1, дар ин бора Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар додааст.

Вай афзудааст, ки  дар маҷмуъ дар шаш моҳи соли ҷорӣ мудирҳои 13 мактабҳои миёна расман "танбеҳ" ва "сарзаниш" шудаанд.

Осим Каримзода гуфта, ки ин мудирҳо бино бар "суст ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, самаранок ташкил накардани ҳамкорӣ бо волидон дар иҷрои уҳдадориҳои муайяннамудаи Қонуни ҶТ "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" сарзанишу танбеҳ гирифтаанд".

Бино бар хабари расонаҳои вилоятӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 24 кӯдак даст ба худкушӣ зада ва ё суъиқасд ба ҷон кардаанд, ки 22 касашон донишомӯзони мактаб будаанд. Бино бар додаҳои таҳлилгарон, донишомӯзони мактабҳои шаҳри Панҷиканд бештар аз дигарон даст ба худкушӣ задаанд.

Лентаи хабарҳо
0