Корманди Маркази миллии тестӣ гуфт, касе ба натиҷаҳои имтиҳон наметавонад таъсир расонад

© SputnikВступительные экзамены, архивное фото
Вступительные экзамены, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёвари мудири Маркази миллии тестӣ аз шаҳрвандони кишвар даъват намудааст, ки фирефтаи қаллобон нашаванд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Корманди Маркази миллии тестӣ Абдувосид Юлдошев  дар рафти нишасти хабарӣ таъкид кардаст, ки касе наметавонад ба натиҷаҳои имтиҳонот таъсир расонад. Вай гуфтааст, қаллобон наметавонанд коре барои донишҷӯй шудани довталабон анҷом диҳанд.

"Дар низоми имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ, касе қодир нест, ки ба натиҷаи довталабон таъсир расонад. Қаллобӣ дар ҳар давру замон буд, пеши инро ҳеч кас гирифта наметавонад. Аммо ин амалҳо ҳеч рабте ба Маркази миллии тестӣ надоранд",- таъкид дошт вай.

Вступительные экзамены, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бисту як ҳазор довталаб аз имтиҳони Маркази тестӣ нагузаштанд

Корманди Маркази миллии тестӣ барои рӯйи об овардани амали қаллобон чунин маслиҳат дод: "Довталаб вақте имтиҳонашро месупорад метавонад, холҳояшро ҳисоб кунад. Баъди донистани холҳои бадастовардааш ӯ метавонад, аз он кас, ки ваъдааш додааст, суол кунад, ки оё худат ба ҳамин холи ман як хол илова карда метавонӣ? Албатта не. Дар мавриди чунин ҳолатҳо ба мо дар марказ муроҷиат мекунанд, ба онҳо ин роҳро нишон медиҳем. Вақте қаллоб имкони як хол илова карданро надошта бошад, бо кадом роҳ метавонад барои дохилшавӣ мусоидат кунад?".

Юлдошев афзуд, ки тайи 4 соли охир ягон ҳолати қаллобие, ки бевосита ба марказ рабт дошта бошад, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0