09:52 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Гиёҳҳои шифобахш

Беш аз 5000 килу гиёҳҳои шифобахш дар Балҷувон ҷамъоварӣ шуд

© Sputnik / Алексей Мальгавко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
227 0 0

Аз ҷамоати деҳоти Шайдон ва деҳаҳои Султон Увайс, Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба миқдори беш аз 5 ҳазор килу гиёҳҳои шифобахш аз қабили коснӣ, чойкаҳак, кокутӣ, роҳдавак, субинак, газна, лупанак, пудина ва сапали уштур ҷамъоварӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии вазорати тандуустии Тоҷикистон, бо мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар дохили ҷумҳурӣ аз ҳисоби кормандони Муассисаи давлатии тиббии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ" гурӯҳи корӣ ташкил гардида ба ноҳияи Балҷувон сафарбар гардиданд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст ва  ба ҳайъати он, шаш омўзгор, се кас корманди маркази таълимӣ-истеҳсолии  "Ҷамъоварӣ ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш" ва зиёда аз даҳ донишҷуёни  муассисаи таълимии  номбурда шомил буданд. 

Гурӯҳи кориро ҳамзамон намояндагони  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Муассисаи давлатии тиббии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҳамроҳӣ намуданд, ки дар натиҷа аз ҷамоати деҳоти Шайдон ва деҳаҳои Султон Увайс, Сари Хосори  ноҳияи Балҷувон ба миқдори зиёда аз панҷ ҳазор килу гиёҳҳои шифобахш аз қабили коснӣ, чойкаҳак, кокутӣ, роҳдавак, субинак, газна,  лупанак, пудина ва сапали уштур ҷамъоварӣ карда шуд.

Гиёҳҳои ҷамъоварикардашуда ба маркази таълимӣ-истеҳсолии "Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш" — и "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ" дастрас карда шуда, айни ҳол дар ҷараёни коркард ва истеҳсол қарор доранд.

Мавзуъ

Дар Хатлон равиши нави дармони бемориҳои пӯст роҳандозӣ шуд
Дарси вазорат ба бонувони хатлонӣ: аз тарзи синамаконӣ то риояи беҳдошт
Барчаспҳо:
5 ҳазор килу гиёҳҳои шифобахш, Вазорати тандурустӣ, Балҷувон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ