Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси намояндагонро ба иҷлосияи ғайринавбатӣ даъват кард

© Сайт президента РТЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иҷлосияи дувуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 23 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иҷлосияи ғайринавбатӣ даъват кард. Дар ин бора фармони раисҷумҳур ба тавсиб расидааст.

"Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 23 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад", — омадааст дар фармоне, ки хадамоти матбуъотии раисҷумҳур матнашро мунташир кардааст.

Дар ин иҷлосия пешнависи ислоҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ", "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ", "Дар бораи маориф", кодексҳои ҷиноӣ, қонуншиканиҳои маъмурии ҶТ ва Ёддошти тафоҳуму ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқи Чин дар бораи имконсанҷии фанниву иқтисодии тарҳҳои сохтусози "Сохтмони нави Маҷлис ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0