Душанбеи серун: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевПарк Рудаки. Архивное фото
Парк Рудаки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 14 август боду ҳавои Тоҷикистон тағйирёбандаи шуда, ҳаво дар муқоиса бо рӯзҳои пеш серунтар мешавад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 14 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати ҳаво то 38  дараҷа гарм хоҳад ва дар бархе аз минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат хоҳад борид.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда дар баъзе минтақаҳо борон меборад.

Тибқи додаҳои манбаъ, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 26 то 31 дараҷа ва дар шарқи он аз 15 то 20 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Жара в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гармии тоқатфарсо: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво аз 33 то 38  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 30 то 35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 33-38 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 16-18 ва рӯзона 35-37 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0