13:21 23 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
13110

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, овозаи ёфт шудани чаҳор ҷасад аз рӯди Кофарниҳон бепоя буда, чунин мавриде дар шуъбаи ВУД дар ноҳияи Ҳисор сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабари ёфт шудани чаҳор ҷаноза аз рӯди Кофарниҳон дар ноҳияи Ҳисорро такзиб кард.

Сухангӯи ВУД ҶТ Умарҷон Эмомалӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки овозаҳо дар бораи ёфт шудани чаҳор ҷасад аз рӯди Кофарниҳон дар минтақаи Хоҷа Конбобо дурӯғ аст.

Вай афзуд, овозае, ки гӯё ҷасади зане ёфт шуда, ки кӯдакеро ба танаш бо наворчасп баста буда бошанд, низ дурӯғ буда, вазорат аз тариқи Шуъбаи худ дар Ҳисор маълум кардааст, ки рӯзи 13-уми август чунин рухдоден мушоҳида ва сабт нашудааст.

Ёдовар мешавем, бархе аз расонаҳои тоҷикӣ пештар бо такя ба манобеъи худ хабар дода буданд, ки рӯзи 13-уми август аз рӯди Кофарниҳон дар минтақаи Кони намкаи ноҳияи Ҳисор чаҳор ҷасади ғарқшуда ёфт шуда, ки дар миёнашон модару кӯдаки скочпечшуда буданд.

Барчаспҳо:
хабар, такзиби хабари нодуруст, ВУД Тоҷикистон, Умарҷони Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ