Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои вилояти Хатлон

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз субҳ сафарҳои кории худро ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оғоз кард

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сафари кориашро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз кард.

Бино ба гузориши дафтари иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз субҳ барои боздид аз бархе аз шаҳру ноҳияҳои Хатлон ба ин вилоят рафт.

Раиси ҷумҳуриро дар фурӯдгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа роҳбарони вилояти Хатлон ва бархе аз мардум пешвоз гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби ин сафари корӣ бо мардум дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Вай ҳамчунин дар маросими роҳандозии бархе аз коргоҳу корхонаҳои тавлидӣ, марказҳои тиҷориву хадамотӣ, буногоҳҳои нави омӯзишӣ ширкат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0