00:15 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
315 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон як шаҳрванди Душанберо муттаҳам ба ташкили фоҳишахона дар бунгоҳи гардишгарӣ дар Варзоб мекунад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. ВУД Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки як бошандаи шаҳри Душанбе маҳалли корашро "фоҳишахона" гардондааст.

Бино бар иттилоъи манбаъ, кормандони милиса марди 42-соларо, ки масъули яке аз бунгоҳҳои гардишгарӣ дар ноҳияи Варзоб аст, ба иттиҳоми ташкилу нигаҳдории фоҳишахона дастгир карда шуд.

Ин мард маҳалли корашро ба як марди 23-сола ва зани 32-сола барои равобити маҳрамона вогузор карда аз онҳо 100 сомонӣ пул гирифтааст.

"Ҳамчунин вай 14-уми августи соли 2017 ҷои корашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 29-солае аз шаҳри Ваҳдат ва зани 22-солае аз ноҳияи Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ пул гирифтааст", — афзудааст манбаъ.

Милиса барои бозҷӯии ин қазия парванд оғоз кардаву тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
фоҳишахона, дастгиршавӣ, марди душанбегӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ