Вазорати маориф ҳам ба пойтахтиён майдони варзишӣ ҳадя кард

© Фото : Аз равобити умумии Вазорати маорифИфтитоҳи майдончаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маорифи Тоҷикистон ба кӯдакони шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ ҳадя кард

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бино ба  иттилоъи равобити умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар хиёбони «Дӯстии халқҳо» дар ноҳияи Шоҳмансур барои наврасон майдончаи варзишиву истироҳатӣ ба истифода дода шуд.

Ин майдонча аз ҷониби ширкати "Душанбешаҳрсоз" ба маблағи 116 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 1090 метри мураббаъ бозсозӣ шудааст.

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ аз ҷониби БМТ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ дар шаҳри Душанбе майдончаи варзишию истироҳатӣ бунёд кард

Дар маросими ифтитоҳии майдончаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини вазири маориф ва илм Фатҳиддин Усмонзода, раиси ноҳияи Шоҳмансур ва сокинони маҳаллӣ ширкат карданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пештар бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин як майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи 82, хиёбони Бобоҷон Ғафуров, назди сохтмонҳои маскунии 73/4 ва 77/3 дар масоҳати 2520 метри мураббаъ сохтаву ба истифода дода шуда буд.

Ҳамчунин Бонки миллии Тоҷикистон низ чанд рӯз пеш барои истироҳати сокинон ва ба варзиш машғул шудани кӯдакон майдони варзишие бунёд карданд.

Лентаи хабарҳо
0