12:48 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сафари раисҷумҳур ба вилояти Хатлон

Шуъбаи кор бо занони Кӯлоб ҷашнвораи либоси миллӣ ташкил кард

© Фото: Пресс служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
60 0 0

Дар ин маросим занону духтарон намудҳои гуногуни либоси миллиро ба тарҳи замонавӣ намоиш додаанд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ҷашнвораи либоси миллӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Шуъбаи умури занон ва хонавода ва Ҳукумати шаҳри Кӯлоб баргузор гардидааст.

Гуфта мешавад дар ин маросим бонувону духтарон дар тан намудҳои гуногуни либоси миллӣ баромад намуда, зебогиву шинам будани онро намоиш додаанд.

Ёдовар мешавем, чанде пеш хабар дода шуда буд, ки бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ моҳи октябри соли 2017 Ҷашнвораи вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" гузаронида мешавад.

Ҷашнвораи вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" дар ду давр доир мешавад ва даври аввали он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ сурат мегирад, хабар медиҳад Ҳукумати вилояти Суғд.

Даври дуюми фестивал дар маркази вилоят бо иштироки ғолибони даври аввал баргузор мегардад.

Дар ҷашнвора ҳамаи ҳунармандон, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи вилоят иштирок карда метавонанд. Дар вақти баҳодиҳӣ нишондодҳои зерин ба назар гирифта мешавад:

— Беҳтарин либоси миллии қадима (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

— Беҳтарин либоси кӯдакона (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

— Беҳтарин либоси расмӣ (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

— Беҳтарин либоси идона (дар алоҳидагӣ 3 ҷой).

Аз рӯйи ҳар намуди бахш ғолибон муайян карда шуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои махсус қадрдонӣ карда мешаванд.

Барчаспҳо:
либоси миллӣ, Кумитаи умури занон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ