09:34 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
93 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафари кориаш ба ноҳияи Панҷ аз Подгони марзбонии "Панҷ" низ боздид кард ва ба марзбонон хона дод

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар чорчӯби сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ аз Подгони марзбонии "Панҷ" низ боздид карду чанд сохтмони навбунёдеро ба баҳрабардорӣ расонд.

Ба иттилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сохтмонҳои нави   Подгони марзбонии "Панҷ" дидан кард. Вай ба баҳрабардорӣ расидани ин сохтмонҳо дар остонаи 26-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро "туҳфаи арзандаи Ҳукумат ба марзбонон" хонд.

Дар ин подгон ҳамчунин китобхона, толори фарҳангӣ, коргоҳи дӯзандагӣ низ сохта шуда, ки дар он беш аз 30 корманд аз шумори ҳамсарони марзбонон кор мекунанд.

Ин коргоҳ моҳиёна ҳазор ҷуфт либоси низомӣ ва камобеш 10 ҳазор болопӯши рахти хоб ва дигар пӯшишу пӯшок омода карда мешаванд. Дар оянда ин коргоҳ дӯхти либосҳои мактабиро низ ба роҳ хоҳанд монд.

Ҳамчунин бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар Подгони марзбонии "Панҷ" як кӯдакистон ба баҳрабардорӣ расид. Дар ин кӯдакистон 150 кӯдак омӯзишу парвариш дода хоҳанд шуд. Омӯзгорону мураббиҳо асосан аз шумори ҳамсарони афсарони ин подгон интихоб шудаанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ду сохтмони маскуниро, ки барои марзбонон ва хонаводаҳояшон сохта шудаанд, ба баҳрабардорӣ расонд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар маросиме, ки ба ин муносибат баргузор шуд, худ ба соҳибони манзилҳои нав калиди хонаҳояшонро дод. Ин хонаҳо бо ҳама афзорҳои рӯзгордорӣ таъмин шудаанд.

"Хонаводаҳои афсарон аз ин иқдоми раисҷумҳур сипосгузорӣ карданд",- гуфта мешавад дар хабар.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи ёдгории марзбонони тоҷику рус, ки ҷонашонро дар посдошти марзикишвар бохтаанд, боздид кард ва ба нишони эҳтиром бар он гулчанбар гузошт.

Дар маросиме, ки дар ин подгон баргузор шуд, раисҷумҳури Тоҷикистон бархе аз сарбозону афсарони Нерӯҳои марзбониро бо ҷоизаҳои давлатӣ — нишони "Ҷасорат", нишони "Марзбони шуҷои Тоҷикистон" ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз кард.

Дар ин маросим сарбозону афсарони Подгони марзбонии "Панҷ" дар баробари Сарфармондеҳи олии Нерӯҳои мусаллаҳи ҶТ Эмомалӣ Раҳмон режа рафтанд.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ сафар кард
Барчаспҳо:
режа, марзбонӣ, подгон, манзил, афсарон, Подгони марзбонӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ