20:46 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.38
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
49 0 0

Имрӯз, 21 август боду ҳавои Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 21 авг— Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 21 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво то 37  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.

Тибқи додаҳои манбаъ, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 25 то 30 дараҷа ва дар шарқи он аз 13 то 18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво аз 32 то 37  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 30 то 35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 12-17 ва рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 13-15 ва рӯзона 33-35 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Мавзуъ

Ҳушдор аз КҲФ: ҳаво дар Суғд 41 дараҷа ва дар Хатлон 44 дараҷа гарм мешавад
Ҳушдори КҲФ аз гармои тоқатфарсо ва тавсияҳо барои наҷот аз гармӣ
Сел дар Панҷиканд: шарҳи КҲФ
Барчаспҳо:
бебориш, гармӣ, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ