00:12 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Балангӯяк. Акс аз бойгонӣ

"Дунёи меҳр": 27 довталаб ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфт

Bill Selak
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Бисту ҳафт довталаб ба даври ниҳоии озмуни "Дунёи меҳр" роҳ ёфтанд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи умури ҷавонону варзиш дар Тоҷикистон даври аввали озмуни "Дунёи меҳр" барои кӯдакону ҷавонони камтавон ба поён расид.

Рӯзи шашмақомхонон дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар даври аввали ҷашнвора 162 довталаб аз 8-сола то 35-сола ширкат карданд, ки ҳунари навохтани созҳои миллӣ ва урупоӣ, иҷрои таронаҳои мардумӣ ва ашъори шоъирон, ҳамчунин хониши бадеъии шеъру тарона ва порчаҳои насрӣ доштанд.

"Аз ин шумор 27 кас ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт", — иттилоъ додааст Кумитаи умури ҷавонону варзиш.

Даври ниҳоии ҷашнвора 22 сентябр дар Филармонияи Акашариф Ҷӯраев баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории ҷашнвора шиносоии чеҳраҳои нав ва ҷавон, истеъдодҳои нодир дар миёни нобиноён ва камбиноён, арҷ гузоштан ба мероси ғанӣ ва тарғибу ташвиқи ҳунари ниёгон эълом шудааст.

Барчаспҳо:
нобиноёну камбиноён, Дунёи меҳр, озмуни сурудхонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ