23:33 21 феврали 2018
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз хадамоти матбӯъоти раиси ҷумуҳри Тоҷикистон

Раҳмон раиси ноҳияро сарзаниш карду раиси занони Хуросонро ба вазифааш барқарор кард

© Фото: Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
155 0 0

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо як амр раиси ноҳияи Хуросонро барои ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳояш танбеҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як амр раиси ноҳияи Хуросонро барои ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳояш танбеҳ додааст.

Аммо хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи кадом вазифаҳои раиси ноҳия ба таври бояду шоряд иҷро нашуданашон шарҳе нанавиштааст.
Тавре манбаъ қайд мекунад, пештар раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло  раиси кумитаи занони ноҳия Зиёда Салимоваро аз симаташ сабукдӯш карда будааст.

Бино бар гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, сабукдуш шудани зан ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия рабте надорад.

"Сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол",- менависад дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ҳар ҳол Зиёда Саломава ба симати пешинааш — раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Хуросон барқарор шудааст.

"Дар натиҷаи гузаронидани тафтиши хизматӣ муайян карда шуд, ки зимни сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон  ба ноҳияи Хуросон ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи зикргардида нашуда буд. Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар баробари дигар камбудиҳо Саломова Зиёда Алматовнаро дар таърихи рӯзи 11.08.2017 аз вазифа сабукдӯш намудааст. Новобаста ба ин, Саломова Зиёда ба вазифаи пешинааш барқарор гардида, бо Амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз 24.08.2017 ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш "танбеҳ" дода шуд.",- менависад дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
танбеҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ