07:50 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Фестиваль-конкурс “Оши палав”

Ду ҳазор сомонӣ барои ошхӯрӣ: ғолибони ҷашнвораи "Оши палав" муайян шуданд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
134 0 0

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи "Оши палав" баргузор гардид. Дар ин фестивал беш аз сад нафар ошпазони моҳир аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, дар сад дег навъҳои гуногуни палави тоҷикиро омода ва пешниҳод намуданд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Имрӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд"-и маркази вилояти Суғд бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал — озмуни "Оши палав" баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед  ба макони баргузории Фестивал — озмуни "Оши палав" омода, бо ҷараёни омодасозии Оши палави иштирокчиёни ҷашнвора шинос гардиданд.

Дар баробари сокинони вилоят меҳмонон-иштирокчиёни Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд низ ба макони баргузории Фестивал — озмуни "Оши палав" омада, аз таоми омодакардаи ошпазҳои вилоят тановул намуданд. Дар ин фестивал беш аз сад нафар ошпазони моҳир аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, дар сад дег навъҳои гуногуни палави тоҷикиро омода ва пешниҳод намуданд.

Дар доираи Фестивал — озмуни "Оши палав" инчунин озмунҳои анъанавии "Ошхури беҳтарин" ва "Дастони моҳир" гузаронида шуданд. Дар бахши "Ошхури беҳтарин" 20 нафар дӯстдорони оши палав иштирок намуданд.

Дар поёни Фестивал — озмуни "Оши палав" ғолибони озмун дар бахшҳои гуногун муайян ва бо диплому мукофотҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, Фурқат Буриев аз ноҳияи Ашт дар бахши "Ошхури беҳтарин" ва Ғуфрон Обидов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бахши "Дастони моҳир" ғолиб дониста шуда, ҳар кадоме бо диплом ва ду ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, ғолибият дар бахши "Ошпази беҳтарин дар байни арӯсон" насиби намояндаи ноҳияи Спитамен, дар бахши "Ошпази беҳтарин байни домодҳо" насиби намояндаи шаҳри Хуҷанд, дар бахши "Ошпази беҳтарин байни занон" насиби намояндаи ноҳияи Зафаробод, дар бахши "Ошпази беҳтарин байни мардон" насиби намояндаи шаҳри Конибодом, дар бахши "Ошпази беҳтарин байни занҳои куҳансол" насиби намояндаи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва дар бахши "Ошпази беҳтарин байни муйсафедон" насиби намояндаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардида, ба ҳар яке аз ғолибон диплом ва 1000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Дар бахши "Оши палави беҳтарин" намояндаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ғолиб дониста шуда, бо диплом ва 5 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ шуд. Ҷойи дуюми ин бахшро намояндаи шаҳри Исфара ба даст оварда, соҳиби се ҳазор сомонӣ гардид.

Намояндагони шаҳру навоҳии Мастчоҳ, Бӯстону Гулистон, Панҷакенту Айнӣ ва Деваштичу Истиқлол, Истаравшан ва Шаҳристон низ барои иштироки фаъолона дар ҷашнвораи "Оши палав" бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Дар доираи Фестивал-озмуни "Оши палав" ҳамзамон барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуди мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд дастархони идона ороста шуд ва кӯдакон низ аз оши палав тановул намуданд.

Барчаспҳо:
Оши палави миллӣ, ҷашнвора, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ