ВУД: фоҳишахона ошкор гардид

CC0 / Pixabay / Ноги, архивное фото
Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон як тани зани 27-солаи шаҳри Конибодомро дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи ҶТ дар вилояти Суғд, шаҳри Конибодом як фоҳишахона ошкор гардидааст.
Бино бар иттилои манбаъ,имрӯз, кормандони милисаи шаҳр зани 27-солаи сокини шаҳри Конибодом, маъмурияти яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри мазкурро бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир намуданд.

"Номбурда 21-уми августи соли 2017, ҷои кориашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 21-солаи сокини кӯчаи Коммунистӣ, зани 27-солаи сокини шаҳри Конибодом, марди 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев ва зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 240-сомонӣмаблағ ситонидааст",- омадааст дар иттилои манбаъ. 

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0