Имомон аз волидон даъват карданд, рӯзи иди Қурбон фарзандонро ба мактаб фиристанд

© SputnikПразднование Ид аль-Фитр или Иди Рамазон
Празднование Ид аль-Фитр или Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имом-хатибони шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа аз ҳозирин даъват карданд, ки рӯзи иди Қурбон, ки 1 сентябр таҷлил мешавад, фарзандонашонро ба дабиристон фиристонанд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Имом-хатибон гуфтанд, ки "касе таҷлили иди Қурбонро манъ накардааст, ин ид 3 рӯз таҷлил хоҳад шуд, фарзандони шумоён дар нахустин рӯзи ид бояд ба дабиристону донишгоҳ бираванд.

Ба гуфтаи онҳо, кӯдакон метавонанд дар ду рӯзи баъдӣ — шанбе ва якшанбе идро ҷашн бигиранд. Ҳамчунин, имомон аз мусулмонон даъват карданд, ки дар рӯзи ид гардиши кӯдаконро маҳдуд кунанд. Онҳо гуфтанд, "касе идгардакро манъ намекунад, вале шумоён бояд онҳоро назорат кунед, то аз ҳавлӣ берун нараванд ва бояд таҳти назорати шумо бошанд".

Бархе аз дабиристонҳову донишгоҳҳои Тоҷикистон таъйид карданд, ки рӯзи 1 сентябр рӯзи корӣ мебошад. Вазорати маъорифу илм хабар дод, ки оғози таҳсил дар кишвар 1-уми сентябр аст ва бо далели он, ки 1-уми сентябр дар кишвар ид Қурбон ҷашн гирифта мешавад аз ин ҳисоб донишомӯзон 2-уми сентябр истироҳат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0