14:07 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
26510

Эмомалӣ Раҳмон муҳофизони ҷавони Тоҷикистонро даъват кард, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Душанбе бинои нави Академияи ВКД ифтитоҳ карда, суханрониашро аз дарси сулҳ оғоз кард.

"Имсол мулоқоти анъанавии мо ба ифтихори Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил якҷо бо ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон – бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур ба ин муносибат омӯзгорону донишҷӯёни Академия, устодону толибилмони ҳамаи муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, кулли кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва сокинони мамлакатро ба ин рӯз табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷанги шаҳрвандӣ ёдоварӣ карда гуфт, ки "халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд".

Президент РТ провел урок мира для защитников, в Академии МВД
Президент РТ провел урок мира для защитников, в Академии МВД

Дра ин росто раисҷумҳур аз саҳми Академияи ВКД ва кормандону хатмкардагони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистон ёдоварӣ кард.

"Муассисаи мазкур, ки дар замони истиқлолият таъсис ёфтааст, дар давраи фаъолияти худ ҳазорон нафар кадрҳои баландихтисос ва ҷасуру далерро тайёр намудааст, ки онҳо дар лаҳзаҳои вазнину ҳассоси ҳаёти кишварамон ҳомиёни воқеии Ватан ва ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ будани хешро исбот кардаанд", — гуфт вай.

Раисҷумҳур аз таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терруризм, ҷангҳои мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, одамрабоӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи вобаста ба он, бемориҳои сироятӣ, шиддат гирифтани раванди аз нав тақсим кардани дунё барои ба даст даровардани захираҳои табиӣ аз ҷониби абарқудратҳо гуфта онро хатари бузург хонд.

1 / 3
Ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД

Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти хосса зоҳир намоем, таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Дар давоми суханронӣ расиҷумҳур гуфт, ки маҳз ба ҳамин хотир, ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дарси сулҳ оғоз мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон аз наврасону ҷавонон даъват кард, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд.

Барчаспҳо:
Академияи ВКД, ифтитоҳи бинои нав, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ