08:16 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
821 0 0

Моҳи аввали фасли тирамоҳ ба тоҷикистониён 11 рӯзи истироҳатӣ меорад

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Рӯзи 1 сентябр дар Тоҷикистон Иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад, ки ин сана дар ҷумҳурӣ рӯзи ғайрикорӣ эълон шудааст.

Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муқаррар карда, ки намози иди Қурбон бомдоди 1-уми сентябр, соати 6:30 дар ҳама масҷидҳои ҷомеи кишвар баргузор шавад.

Рӯзҳои 2 ва 3 сентябр рӯзҳои истироҳат мебошанд.

Ҷашни Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон низ рӯзи 9 сентябр таҷлил гардида, имсол ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд ва аз ин рӯ, рӯзи кории душанбеи ҳафтаи оянда низ рӯзи истироҳат мешавад.

Маълум мешавад, ки моҳи сентябри соли 2017 барои тоҷикистниён санаҳои 1, 2, 3, 9, 10, 11, 16, 17, 23, 24 ва 30 сентябр рӯзҳои истироҳат мебошанд.

Вале Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 1 сентябрро Рӯзи оғози соли хониш эълом кард.

Дар ин росто, Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон бо нашри баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз вазири маорифу илми ҶТ Нуриддин Саид хост Қонуни таътилоти расмии кишварро риоя ва иҷро кунад.

Ӯ гуфта, ки беш аз 30 кишвар рӯзи Донишро ба далели иттифоқ афтодани иди Қурбон дар 1 сентябр, рӯзи Донишро ба дигар рӯз гузарондаанд.

"Аз ин рӯ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид ва истироҳат"-ро риоя ва иҷро кунед", — дархост кардааст Раҳматулло Зоиров аз Нуриддин Саид.

Мавзуъ

Мусулмонони Маскав Собянинро ба иди Қурбон даъват карданд
Рӯзи иди Қурбон Тоҷикистон Рӯзи фарҳангиашро дар Чин баргузор мекунад
Якуми сентябр: Рӯзи дониш, иди Қурбон ё нофармонии шаҳрвандӣ?
Имомон аз волидон даъват карданд, рӯзи иди Қурбон фарзандонро ба мактаб фиристанд
Барчаспҳо:
11 рӯзи истироҳат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ