13:44 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
14001

ВУД мегӯяд, маттаҳам барои шароити фароҳамовардааш аз мизоҷонаш 700 сомонӣ пул гирифтааст

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки сокини 22 солаи дараи Варзобро бо гумони ташкили фоҳишахона боздошт кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда мудири яке аз истироҳатгоҳҳои Варзоб будааст.

Гуфта мешавад, муттаҳам шаби 4-уми сентябр барои муносибатҳои маҳрамона ба "мизоҷонаш" дар истироҳатгоҳ шароит фароҳам оварда, 700 сомонӣ пул гирифтааст.

Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ташкили фоҳишахона, ВУД Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ