14:46 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Боздошгоҳи муваққатӣ, акс аз бойгонӣ

Муовини сардори боздоштгоҳ ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд

© Sputnik / Алексей Куденко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
208 0 0

Муовини сардори боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Истаравшан ҳангоми ришваситонӣ боздошт гардид

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Корманди Вазорати адлияи Тоҷикистон, муовини сардори боздошгоҳи муваққатии Истаравшан ҳангоми  гирифтани пора аз ҷониби  Ожонси мубориза бо фасод дастгир ва боздошт шуд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод,  боздоштшуда  Маснадқул Холиқов аз як шаҳвранди Тоҷикистон, ки номашро ожонс ифшо намекунад, 700 дулор пора талаб кардааст.

Ба ивази ин маблағ Холиқов ваъда додааст, ки бародари ин шаҳрвандро аз боздошгоҳи муваққатии Истаравшан ба колонияи ислоҳиву меҳнатии Ёвон интиқол намедиҳад.
Муовини сардор илова бар 700 дулор, 600 дулори дигар талаб кардааст. Маснадқул Холиқов ҳангоми гирифтани пора боздошт мешавад.

Бо далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гашта, ба додгоҳ ирсол шудааст.

Барчаспҳо:
ришваситонӣ, боздошгоҳи муваққатӣ, муовини сардор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ