Милисаҳо аз ҷайби сокини ноҳияи Мурғоб 20 дона санги "Ёқут" ёфтанд

© Sputnik / Владимир Минкевич / Гузариш ба медиабонкДрагоценные камни, архивное фото
Драгоценные камни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки муомилаи ғайриқонуни санги қимматбаҳо дар Мурғоб пешгирӣ шуд.  

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 57-солаи сокини ноҳияи Мурғобро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир намуданд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили кисаи болопӯшаш 20-дона сангҳои қиматбаҳои "Ёқут", ки вазнашон 21-грамму 18-милиграммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0