Додгоҳи Тоҷикистон корманди пешини Ожонси мубориза бо фасодро 15 сол зиндонӣ кард

© Sputnik / Илья ПиталевАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода, раиси пешини Шуъбаи бозрасии Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро ба ҳабси 15 сол ва мусодираи амвол маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузориии ТоҷикТА, Додгоҳи Тоҷикистон корманди пешини Ожонси мубориза бо фасодро ба ҳабси 15 сол маҳкум кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Холмуродзода пас аз озод шудан ҳам то 5 солидигар аз ҳуқуқи фаъолият дар вазифаи раёсатӣ маҳрум шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ чанд тан аз корманди пешини Ожонси мубориза бо фасод паи ҳам боздошт шуданд. Нахуст Фирӯз Холмуродзода боздошт шуд, ки раиси Шуъбаи бозрасӣ ва бозраси парвандаи кайфарии Зайд Саидов, вазири пешини саноати Тоҷикистон буд, ки соли 2013 ба ҳабси 26 сол маҳкум шуд.

Хилватшох Махмуд - Sputnik Тоҷикистон
Хилватшоҳ Маҳмуд: “Ожонси мубориза бо фасод баста шавад”

Пас аз Холмуродзода Фахриддин Бозоров, муовини пешини вай, Фирдавс Ниёзбадалов, бозраси пешин (домоди Амир Азимов, дабири пешини Шурои амнияти ҶТ) ва Амиршо Султонзода, раиси бахши бозрасии шаҳри Душанбе, боздошт шуданд.

24-уми апрел Давлат Хайрзода боздошт шуд, ки моҳи январи соли ҷорӣ аз мақоми муовини мудири ожонси зидди фасод бознишаста шуда буд.

Раванди баррасии онҳо рӯзи 19-уми июл оғоз шуд. 14 тан, аз ҷумла 10 тан корманди пешини он ниҳод дар курсии муттаҳамон нишастанд.

Рӯзи 28-уми июл Додгоҳи олии Тоҷикистон Давлат Хайрзода ва Фаридун Беназирзодаро барои 10 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард. Ҳар ду ба иттиҳоми ришваситонӣ маҳкум шуданд.

Лентаи хабарҳо
0