17:56 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Маҷлиси ҳукуматӣ

Маҷлиси ҳукуматӣ: Эмомалӣ Раҳмон ба вазирону раисон супоришҳои мушаххас дод

© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
43510

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазоратҳо барои захираи маводи сухту озуқаворӣ ва сабзавот дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, таъмини муназзами гармӣ ва неруи барқ ба аҳолӣ ва ҷамъоварии беталафи ҳосил супоришҳои мушаххас додааст

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, дирӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлис баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст "Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳалли меъморӣ ва шаҳрсозӣ" гузориши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва "Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022" гузориши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ шунида шудааст.

Мақсади таҳияи Лоиҳаи қарори ҳукумат "Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022", баланд бардоштани  сатҳу сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гуфта мешавад.

Дар ин маҷлис ҳамчунин бораи нақшаи генералии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва нақшаи генералии деҳаи Айнӣ — маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд раисони шаҳру ноҳияи номбаршуда ҳисобот додаанд.

Раисҷумҳур ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ноҳияи Айнӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш додааст, ки барои амалӣ кардани ин барномаҳои ояндадор аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд.

Дар кори маҷлис тарҳҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Дар бораи тарҳи қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ва дар бораи тарҳи қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид"  муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин 6 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ  "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ  "Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", Оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ" ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ  ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" пешниҳод гардидааст.

Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб, Дар бораи Низомномаи Фонди осорхонаҳои ҶТ, Дар бораи Барномаи рушди кинои ҶТ барои  солҳои  2018-2022, Дар бораи Талаботи умумӣ ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон дар ташкилотҳои давлатӣ аз масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис буд, ки вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, захираи маводи сухту озуқаворӣ ва сабзавот дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, рушди бахши энергетика, таъмини муназзами гармӣ ва неруи барқ ба аҳолӣ ва дигар истеъмолкунандагон, тезонидани суръат ва ҷамъоварии беталафи ҳосил, зиёд кардани майдони кишти сабзавоту ғалладонагӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти он супоришҳои мушаххас дод.

Барчаспҳо:
маҷлиси ҳукуматӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ