13:12 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Душанбе, акс аз бойгонӣ

Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон якбора тағйир меёбад

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
108921

Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон аз якбора тағйир ёфтану сард шудани боду ҳавои Тоҷикистон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ба гузориши Созмони обуҳавошиносӣ дар бархе аз манотиқиТоҷикистон ҳаво якбора тағйир меёбад.

Рӯзҳои 29 ва 30 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ тағйирёбии босуръати обуҳаво дар назар буда, имрӯз дар минтақаи марказӣ ва ҷанубии кишвар бо пурзӯр шудани суръати вазиши шамол, фаромадани чангу ғубор пешбинӣ шудааст.

Ба иттилоъи ин ниҳод, давоми ин рӯзҳо дар ноҳияҳои тобеи марказ борону раъду барқ мешавад.

"Дар вилояти Суғд — дар водиҳо борону дар доманкӯҳҳо барфу борон ва раъду барқ пешбинӣ гардида, поинравии ҳарорат рӯзона 10-15 дараҷа ва дар доманкӯҳҳо то 3 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад".

Обуҳавошиносон мегӯянд, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон бо пурзӯр шудани суръати вазиши шамол аз самти шимолу ғарбӣ то 15-20 метр дар як сония дар назар буда, дар қаламрави ВМКБ боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад.

Ба маълумоти обуҳавошиносон, сардии ҳаво дар баъзе навоҳӣ имкон дорад ба сифр баробар шавад.

Мавзуъ

Кормандони КҲФ ронанда ва мусофири "Volvo"-ро аз марг наҷот доданд
Ҳушдор аз КҲФ: бориши шадид, сел, туфони ғуборолуд, сангрезишу тарма
Ҳушдори КҲФ аз резиши тарма ва кӯҳпораҳо
КҲФ: дар манотиқи кӯҳӣ хатари резиши санг боқӣ мемонад
Барчаспҳо:
борону барф, сардии ҳаво, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ