Абрноку бебориш: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© SputnikОбзор на город Душанбе. Здание на фоне гор
Обзор на город Душанбе. Здание на фоне гор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, дуюми октябр. Боду ҳавои Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бино ба гузориши созмони ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз, 2 октябр дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда дар баъзе минтақаҳо ҳарорати ҳаво паст мешавад.

Бар асоси пешбинии ин марказ, имрӯз дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.

Тибқи додаҳои манбаъ, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 20 то 25 дараҷа ва дар шарқи он аз 8 то 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво аз 27 то 32 дараҷа гарм мешавад.

Жители идут по снежной каше, снег убирают плохо - Sputnik Тоҷикистон
Бориши барф дар Тоҷикистон: имсол зимистон аз ВМКБ оғоз нашуд

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво аз 20 то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 7-12 ва рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 9-11 ва рӯзона 27-29 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки дар бархе аз шаҳру новоҳии шимоли Тоҷикистон шаби рӯзи 29 сентябр барф борид. Ба иттилоъи сокинони маҳаллӣ, қабати барф дар Истаравшану Мастчоҳ то ба 3 сантиметр расид.

Дар ин росто КҲФ аз сангрезиш дар манотиқи кӯҳӣ ҳушдор додааст.

Бино бар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар анҷоми корҳои саҳро эҳтиёткор бошанд ва аз ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикоргоҳ худдорӣ кунанд.

"Дар ҳолатҳои вазиши шадиди бод Кумита ба сокинон ва меҳмонон тавсия медиҳад, ки бидуни зарурат аз хона берун нашаванд".

Лентаи хабарҳо
0