00:02 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
36040

Бо мақсади интихоби лоиҳакаши иншооти "Равшанидиҳии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе", раиси пойтахти Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдории Душанбе, комиссияи тендерӣ вазифадор шуд ҳуҷҷатҳои лозимаро барои баргузории тендер омода кунад.

"Бино ба қарори шаҳрдор, комиссияи тендерии мазкур барои интихоби лоиҳакаши иншооти "Равшанидиҳии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе" дар ҳамкорӣ бо фармоишгари иншооти мазкур, муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ"-и шаҳри Душанбе мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд",-омадааст дар хабарнома.

Гуфта мегшавад, ки ин тендер бо мақсади интихоби лоиҳакаши иншооти "Равшанидиҳии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе", барои чароғон кардани шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 19 сентябр ба муносибати 26-умин солгарди истиқлол, бо иқдоми Рустам Эмомалӣ дар пойтахт чандин созаҳои нав ба баҳрабардорӣ расиданд.

Чунончи, дар чаҳорроҳи кӯчаҳои Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониш дар ноҳияи Шоҳмансур пули роҳи оҳан ва худравгард пас аз навсозӣ расман бозкушоӣ шуд. Ин пул бо чароғакҳо ороиш дода шуда, ки шабона онро бисёр зебову диданӣ мекунад.

Тарҳи бозсозиву навсозии онро ширкатҳои "Кул-дизайн" ва "Инвест лоиҳа" таҳия карда ва корҳои сохтмонӣ ва васлу насби қисматҳои онро ширкатҳои "Строймет" ва "Машҳад Коло" анҷом додаанд. Маблағи куллии иҷрои тарҳ беш аз 1,4 милюн сомониро ташкил медиҳад.

© Sputnik
Накануне мэр Душанбе Рустам Эмомали сдал в эксплуатацию бульвар между ж/д вокзалом и памятником Садриддина Айни

Мавзуъ

Дастури Рустам Эмомалӣ барои пешгирӣ аз гарон шудани нархи картошкаву ҳезум дар зимистон
Гаштугузори мардуми Душанбе дар боғи ободкардаи Рустам Эмомалӣ
Рустам Эмомалӣ шаҳри Душанберо ба хунукӣ "омода" мекунад
Рустам Эмомалӣ созаҳои фарҳангию фароғатиро бозкушоӣ кард
Барчаспҳо:
шаҳрдорӣ, Рустам Эмомалӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ