Туман мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 9 октябр, ҳаво дар саросари Тоҷикистон тағйирёбандаву бебориш шуда, кӯҳсору кӯталҳоро меғ (туман) фаро хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, кӯҳсору кӯталҳоро меғ (туман) фаро хоҳад гирифт.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда ва серуну сард пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят ҳаво рӯзона 17 — 22 дараҷа ва дар шарқи вилоят 6 — 11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон низ  ҳавои тағйирёбандаи  бебориш пешбинӣ шуда, дар бархе аз ноҳияҳо чангу ғубор хоҳад бархост. Дар водиҳо ҳаво рӯзона 21 — 26 дараҷа гарм шуда ва бод аз самти ғарб дар як сония 3-8 метр хоҳад вазид.

Дар вилояти Суғд низ ҳарорат паст шуда ва ҳавои ноустувор пешбинӣ шавад. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят тағйирёбандаи абрӣ шуда, кӯталҳоро меғ фаро хоҳад гирифт. Вазиши бод аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония расида, дар водиҳо ҳаво 9 — 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи ноустувор дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона паст шуда, ба 17 — 22 дараҷа мерасад.

Ҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва беборишро пешбинӣ мекунанд. Бод аз самти ғарб 3-8 метр дар сония вазида, ҳаво нисбат ба рӯзҳои гузашта гармтар мешавад. Ҳаво шабона 9 — 11 ва рӯзона 26 — 28 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0