Ду ҳафта мӯҳлат: вакили парлумон истеъфои раиси Бонки миллиро талаб кард

© Sputnik / Амир Исаевраиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода
раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вақте бонк масъулияти худашро дар назди мардум иҷро карда наметавонад, гуноҳро дар сари президент задан даркор нест. Мардум мумкин, ки Нурмуҳаммадзода Ҷамшедро нашиносанд, лекин президентро мешиносанд, аз ҳукумат мебинанд. Мо дар вохӯриҳо будем, мегӯянд, ҳукумат кай пули моро медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вакили маҷлиси намояндагон, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонов имрӯз дар ҷаласаи парлумон исетъфои раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро талаб кардааст.

Раиси Бонки милли Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода  ба қонун "Дар бораи таърихи қарз" тағйиру иловаҳо пешниҳод кардааст.

Дар пайи баромади раиси Бонки Миллӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон масъалаи баргардондани пули мардумро аз сӯи бонкҳо ба миён гузоштааст.

Дар ин робита Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон беш аз 3 миллиард сомониро зикр кард, ки давлат барои ҳалли мушкили бонкҳо ва мизоҷонашон равона кард. Ӯ гуфт, ин миқдор маблағ бояд мушкили мизоҷонро ҳал мекард, аммо барои чӣ ҳал нашуд?

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид намуд, ки баъзе мизоҷон аз баҳри фоиз гузаштаанд, танҳо мехоҳанд, маблағи гузоштаашонро бозпас гиранд. Зуҳуров дар хитоб ба Нурмуҳаммадзода таъкид намуд, ки ин мушкилро ҳал кунед, ки он як дарди сар ба Бонки Миллӣ, парлумон ва оқибат ба раҳбарияти давлат мешавад.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон низ таъкид кард, ки як сол муҳлате, ки барои пардохти пули мизоҷон муайян шуда буд, ба охир расида истодааст, аммо масъала ҳал нашуд.

Исмонов дар хитоб ба Нурмуҳаммадзода суол гузошт, ки дар чунин вазъ оё Бонки Миллӣ истеъфо намедиҳад, ё чӣ кор карданианд.

"Вақте бонк масъулияти худашро дар назди мардум иҷро карда наметавонад, гуноҳро дар сари президент задан даркор нест. Мардум мумкин, ки Нурмуҳаммадзода Ҷамшедро нашиносанд, лекин президентро мешиносанд, аз ҳукумат мебинанд. Мо дар вохӯриҳо будем, мегӯянд, ҳукумат кай пули моро медиҳад",- ёдоварӣ карда вай.

Дар посух ба масъалаи истеъфо раиси Бонки Миллӣ аз вакилон хост, ба иззати нафс нарасанд ва пеш аз суол фикр кунанд.

Зуҳуров ба Нурмуҳаммадзода ду ҳафта муҳлат дод, то дар бораи вазъи бонкҳои муаммодор ва имконоташон барои баргардондани пули мардум ба парлумон маълумот пешниҳод кунанд.

Лентаи хабарҳо
0