Хуҷанд: Абдумалик Саломов- пизишки машҳур бо гумони иртибот бо салафиҳо боздошт шуд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкОглашение приговора, архивное фото
Оглашение приговора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тӯли як моҳ ин пизишки боистеъодод дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешавад. Аммо ҳоло маълум нест, ки ин ҷарроҳи қалбро бо кадом иттиҳом нигоҳ медоранд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон пизишки маъруферо ба иттиҳоми иртибот бо салафиҳо боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузори ТоҷикТА иттилоъ медиҳад.
"Дар Хуҷанд корманди Маркази ҷарроҳии қалбу раг дар вилояти Суғд пизишк Абдумалик Абдусаломов бо гумони иртибот бо ҳаракати "Салафия" боздошт шудааст",-омадааст дар манбаъ.

Тӯли як моҳ ин пизишки боистеъодод дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешавад. Аммо ҳоло маълум нест, ки ин ҷарроҳи қалбро бо кадом иттиҳом нигоҳ медоранд.

Тафтишот нисбати пизишк аз ҷониби кормандони Кумитаи амният анҷом дода мешавад. Тавре маълум шудааст, Саломов дар "маҳфили палав", ки аз ҷониби салафиҳо ташкил карда мешуд, доим ширкат меварзидааст.

Абдумалик Саломов 41 сол дорад ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Вай дар тӯли фаъолияти кориаш дар Маскав низ кор кардааст.  Аз соли 2015 пизишк дар Маркази ҷарроҳии қалбу раг дар вилояти Суғд кор мекард.

Ҷараёни "Салафия" дар Тоҷикистон аз соли 2009-ум ин ҷониб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнуъ ба ҳисоб меравад. Сроли 2014 ин ҷараён дар Тоҷикистон экстримистӣ эълон шуд.

Лентаи хабарҳо
0