Марҳамат шикоят баред: раҳбарияти Исфара почтаи электронӣ боз кард

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкВход в интернет, архивное фото
Вход в интернет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти шаҳри Исфара бо мақсади густариши робитаи мустақим бо аҳолӣ ва омӯзиши афкори умум почтаи электронии худро фаъол кард

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар ин бора, равобити умуми ҳукумати вилояти суғд бо такя ба сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев хабар додааст.

"Роҳбарияти шаҳри Исфара бо мақсади густаришбахшии робитаи мустақим бо аҳолӣ ва омӯзиши афкори умум почтаи электронии худ — isfaramarz@gmail.com — ро фаъол намуд", — омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки илова бар почтаи электронӣ дар шаҳрдории Исфара телефони "Боварӣ" низ насб шудаву ба шаҳрвандон имкони изҳори арзу шикоятҳояшонро давоми 24 соати шабонарӯз фароҳам овардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз роҳандозии иқдомоти мазкур таъмини амалигашти супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории макомот бо сокинон, омӯзиши афкори аҳли ҷомеа бобати мушкилоту муаммоҳои иҷтимоии мавҷуда, ҷонибдории минбаъда аз ташаббускориҳои мардум ва муайяннамоии самтҳои афзалиятноки фаъолият, дарёфти роҳҳои беҳбудсозии рӯзгори сокинон ва боз ҳам ободу зеботар гардонидани Исфара маҳсуб меёбад.

Лентаи хабарҳо
0