Сӯхтор дар бузургтарин бозори шаҳри Қурғонтеппа

© SputnikРоссийские военные в Таджикистане потушили пожар в жилом доме на окраине Душанбе
Российские военные в Таджикистане потушили пожар  в жилом доме на окраине Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилоъи шоҳидон сӯхтор субҳи рӯзи 29 октябр сар задааст. Ба ҷои ҳодиса кормандони Кумитаи оташнишонӣ ҳозир шудаву сӯхторро хомӯш кардаанд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар яке аз бузургтарин бозорҳои Қурғонтеппа-"Ҳоҷӣ Шариф" сӯхтор ба амал омад.

Ба гуфти шоҳидон сӯхтор субҳи рӯзи 29 октябр сар задааст. Ба ҷои ҳодиса командони Кумитаи оташнишонӣ ҳозир шудаву сӯхторро хомӯш кардаанд. Дар паи ин сӯхто чанде аз мағозаҳо валангор шудааст.

Пожарная машина - Sputnik Тоҷикистон
Фаврӣ: Сӯхтор дар хобгоҳи донишҷӯён дар Душанбе

Дар ҷои ҳодиса комиссияи вижа санҷиш мегузаронад ва талош дорад сабаби сӯхторро маълум кунад.

Пештар дар паи як сӯхтор чанде аз тарабхонаҳои шаҳри Бишкек валангор шуда буд. Оташнишонон танҳо пас аз се соат ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.

Ба нақли шоҳидон сӯхтор нахуст дар тарабхонаи чинии "Ганбэй", оғоз шудаву пасон ба тарабхонаҳои дар наздикӣ қарордошта, "Корчма" ва "Кайзер" гузаштааст.

Лентаи хабарҳо
0