07:57 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
8610

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ аз мавзеи бунёди гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафуров дидан карду бо корҳои ободониву созандагии гулгашт аз наздик шинос шуд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе гузориш медиҳад, ки раиси шаҳри Душанбе тарҳи навсозии "Боғи кӯдакону наврасон" дар Душанберо оғоз бахшидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 30 октябр Рустам Эмомалӣ аз чанд мавзеъи пойтахт дидан карда ва бо корҳои бунёдкориву созандагӣ шинос шудааст.

Гуфта мешавад, нахуст раиси шаҳри Душанбе аз "Боғи кӯдакону наврасон", ки дар чорроҳи кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Шоҳтемур ҷойгир шудааст, дидан кардааст.

"Боғи кӯдакону наврасон" дар масоҳати 2,5 гектар доман паҳн намуда, тибқи лоиҳа дар он гулгашту роҳравҳо, фаввораҳо ва нишастгоҳу нишасткурсиҳои сершумор бунёд карда мешаванд. Ҳамчунин, дар боғ амфитеатр бо 240 ҷойи нишаст, таваққуфгоҳи худравҳо, майдончаи варзишӣ ва нишастгоҳҳо барои бозии шоҳмот сохта мешаванд. Баҳри дилхушии кӯдакон дар гӯшаҳои гуногуни боғ дастгоҳу бозичаҳои кӯдакона насб гардида, дар як ҷониби он бо истифода аз буттаҳои ороишӣ лабиринт бунёд мегардад.

Ҳамчунин, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз мавзеъи бунёди гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафуров дидан карда ва бо корҳои ободониву созандагии гулгашт аз наздик шинос шудааст.

Барчаспҳо:
азнавсозии боғ, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ