00:18 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Зоғҳо, акс аз бойгонӣ

Ҳуҷуми зоғҳо дар шаҳри Турсунзода

© Sputnik / Виталий Аньков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
90 0 0

Дар рӯзҳои истироҳатӣ осмони шаҳри Турсунзода аз селаи зоғҳои сиёҳ пур шуданд. Ин манзара филми Бэтменро ба назар меовард, ки қисме аз сокинон шигифтзада шуданд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Сокинони шаҳри Турсунзодаро  марги тӯдаи зоғҳо шигифтзада кардааст. Дар ин бора торномаи Euronews гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзҳои истироҳатӣ якбора осмони шаҳри Турсунзода пур аз зоғҳои сиёҳ шуданд. Ин манзара- филми қаҳрамони Бэтменро ба назар меовард.
Аммо тарве коршиносон муайян карданд, ин як рӯйдоди табиӣ буд.

Яке аз корбарони Фейсбук навиштааст, марги тӯдаи зоғҳо мардуми шаҳрро шигифтзада кард.

"Аҷибаш ин буд, ки рӯзҳои истироҳатӣ якбора осмон пур аз зоғ  шуд ва якбара чанд зоғи мурдаеро дидам",- навиштааст корбари саҳифаи иҷтимоӣ.

Шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои саноативу истеҳсолии Тоҷикистон аст, ки дар 65 км ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.

Барчаспҳо:
ҳуҷум, зоғҳо, шаҳри Турсунзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ