Эмомалӣ Раҳмон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро пешвоз гирифт

© Пресс-служба президента РТВстреча президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президента РТ Эмомали Рахмон
Встреча президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президента РТ Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон омад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов имрӯз субҳ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.

Ба иттилоъи Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, маросими истиқболи расмии раисҷумҳур Бердимуҳаммадов дар назди Қасри миллат баргузор шуд.

"Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро пешвоз гирифта ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват кард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди ифтихорӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони кишварҳо аз канори радаи сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимиқом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайъатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо режаи ягонҳои Горди ифтихорӣ аз назди сарони ду кишвар анҷом ёфт.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти вижаи сарони кишварҳо оғоз гардид.

Лентаи хабарҳо
0