Ройгон хидмат кунед: боздошти марде, ки худро корманди ожонси мубориза бо фасод гуфт

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкОглашение приговора, архивное фото
Оглашение приговора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Хуҷанд марде боздошт шудааст, ки худро корманди ожонси мубориза бо фасод гуфта, талаб кардааст, ки вайро ройгон ташхиси тиббӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод хабар медиҳад, ки марде дар Хуҷанд худро корманди ожонс муаррифӣ карда, талаб кардаст, ки ӯро ройгон аз ташхиси тибӣ гузаронанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси мубориза бо фасод мудирони ширкати "Умед-88"-ро боздошт кард

Бино бар иттилои манбаъ, 9 октябри соли 2017 намояндаи  "Диамед" дар вилояти Суғд шаҳрванд "А" баОжонс хабар дод, ки ба ташхисгоҳи ҷамъият, воқеъ дар ҳудуди беморхонаи клиникии ба номи С. Қутфиддинов-и шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Шарипов Раҳим Муҳаммадович барои гузаштани ташхиси тиббӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ў муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад ва талаб кардааст, ки ба ў гузаштани ташхиси тиббиро ройгон амалӣ намоянд ва дар сурати инкори талабаш, ў метавонад вобаста аз мавқеи мансабиаш ба фаъолияти кории муътадили онҳо таъсири манфӣ расонад.

 Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Шарипов Раҳим Муҳаммадович дар бинои ташхисгоҳи мазкур боздошт шуда, ба Раёсати Агентӣ оварда шуд.
 Ҳангоми гузаронидани таҳқиқ Шарипов Раҳим Муҳаммадович ба корманди Агентӣ, ки шахси мансабдор мебошад барои ҳал намудани натиҷаи санҷиш ба фоидаи ў ва раҳо ёфтан аз ҷавобгарӣ, ба сифати пора 1358 сомонии бо худ доштаро пешниҳод намудааст.

 Вобаста ба ҳолатҳои дар боло зикградида нисбати Шарипов Раҳим Муҳаммадович бо моддаҳои 320 қисми 1 ва 247 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0