01:43 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
310 0 0

Баҳром Кенҷав ваъда додааст, ки бар ивази 4000 доллар баҳси граждании манзили истиқоматиро ба фоидаи ахирон ҳал мекунад

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди ҶТ гузориш медиҳад, ки котиби коллегияи додгоҳии шаҳри Душанберо ҳангоми гирифтани  ришва боздошт кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, котиби коллегияи додгоҳии шаҳри Душанбе Баҳром Кенҷаев аз як сокини шаҳр, ки дар додгоҳ баҳси граждани доштааст, 4000 ҳазор доллар ришва талаб кардааст.

Гуфта мешавад, кормандони ожонс Баҳром Кенҷаевро ҳангоми гирифтани пора дастгир кардаанд.

"Котиби додгоҳ ваъда додааст, ки бар ивази 4000 доллар баҳси граждании манзили истиқоматиро ба фоидаи ахирон ҳал мекунад",-омадааст дар хабар.

Нисбати Баҳром Кенҷаев парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ришва, Ожонси мубориза бо фасод, додгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ