Боду борону туфони гард: ҳавошиносон барои имруз ҳавои номусоид пешбинӣ мекунанд

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 14 ноябр дар бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши бод аз самти шарқ ба 17-22 метр дар як сония мерасад. Дар бархе дигар аз ноҳияҳои вилояти Хатлон туфони гардолуд ва чангу ғубор ва дар бархе аз ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои ғуборолуд пешбинӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ менамояд, ки 14 ва 15 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мегардад. Дар ин рӯзҳо тадриҷан то 8-10 дараҷа садр шудани ҳаво дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 14 ноябр дар бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши бод аз самти шарқ ба 17-22 метр дар як сония мерасад. Дар бархе дигар аз ноҳияҳои вилояти Хатлон туфони гардолуд ва чангу ғубор ва дар бархе аз ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои ғуборолуд пешбинӣ мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 то 4 дараҷа ва рӯзона то 10-15 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тӯфони гардолуд: ҳавои Тоҷикистон аз 13 то 15 ноябр номусоид мешавад

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 3-8 ва рӯзона ба 9-14 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат шуда, бод аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0