Дар Панҷиканд аз зери сангҳо маводи тарканда пайдо карданд

© Фото : Андрей ЗахватовГоры, где искали снежного человека
Горы, где искали снежного человека - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар Панҷиканд наздик ба 5 килуграм маводи таркандаи тротил пайдо карданд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар дод, ки кормандонаш дар шаҳри Панҷиканд маводи тарканда пайдо кардаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар паи баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ кормандони ин ниҳод дар водии Зарафшон дар наздикии кули Ҳушёрӣ ва деҳаи Рашнаи болои ҷамоати деҳоти Шинг аз зери сангҳо як борхалтаи сафед ёфт кардаанд.

Гуфта мешавад, аз ин борхалта ба миқдори 4750 грамм маводи таркандаи навъи тратил, 20 адад афзорҳои тарконанда ва ду банд риштаҳои тарконанда ёфт шуда, ки бино бар озмоиши коршинохтӣ, ҳама мавод қобили истифода будаанд.

Ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ ин қазияро бозҷӯӣ доранд.

Лентаи хабарҳо
0