Олмон сохтусози нерӯгоҳи "Себзор"-ро сармоягузорӣ мекунад

Обуна шудан
Ҳукумати Олмон ҳамчунин таъмиру таҷдиди дармонгоҳи бемориҳои сил дар Масҷидон, беҳбуди хидматрасонии пизишкӣ ба занони обистан ва кӯдакони навзод, ёрии таъҷилӣ ва сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Раштро сармоягузорӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 16 ноя- Sputnik. Дар Душанбе машварати байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ,  дар ин машварат ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуданд.

"Ҳайъатҳои ҳар ду кишвар масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ карда, изҳор доштанд, ки самти асосии ҳамкории онҳо дар оянда соҳаи "Рушди устувори иқтисодиёт" хоҳад буд. Ҳамзамон, самтҳои асосии тандурустӣ, бахшҳои молия, энергетика, таълимоти касбӣ ва рушди инноватсионӣ минбаъд низ дастгирӣ карда мешаванд",- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки Ҳукумати Олмон ҳамчунин таъмиру таҷдиди дармонгоҳи бемориҳои сил дар Масҷидон, беҳбуди хидматрасонии пизишкӣ ба занони обистан ва кӯдакони навзод, ёрии таъҷилӣ ва сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Раштро сармоягузорӣ хоҳад кард

Афзун бар ин, Олмон сохтусози нерӯгоҳи барқобии "Себзор"-ро низ сармоягузорӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0