13:01 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
279 0 0

Иқтидори лоиҳавии Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб буда, дар он 600 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар шаҳри Истиқлол бо ширкати кишвардори Тоҷикистон Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи металлургӣ бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст.

Гуфта мешавад, иқтидори лоиҳавии Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб буда, дар он 600 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд ва пас аз ба баҳрабардорӣ расидани марҳилаи дувуми он, ин рақам афзоиш хоҳад ёфт.

Теъдоди зиёди коргаронро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. То ин вақт дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии ин иншооти саноатӣ беш аз 500 нафар бинокор ва кормандони муҳандисиву фаннӣ ширкат кардаанд, ки беш аз нисфи онҳо сокинони маҳаллӣ буданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, пеш аз ба кор даромадани ин корхонаи бузурги металлургӣ мутахассисон дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқи Чин омода шуда, имрӯз онҳо навтарин фанновариҳои тавлидотии пешрафтатарин ширкатҳои ҷаҳониро идора карда метавонанд.

Истихроҷи маъдан ва истеҳсоли хокаҳои сурб, руҳ ва мис дар корхонаи "Зарнисор", воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд анҷом дода шуда, аз он танҳо хокаи сурб барои коркард то ҳадди ниҳоӣ ба корхонаи навтаъсиси ин ширкат дар шаҳри Истиқлол интиқол меёбад.

Ба таъкиди мутахассисони соҳа, ин корхона аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи технологияи пешрафта дар Осиёи Марказӣ назир надорад ва маҳсулоте, ки дар ин ҷо истеҳсол мешавад, ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар ин минтақаи саноатӣ ҳамчунин биноҳои маъмурӣ, ошхона ва ду хобгоҳ барои коргарон бо тарҳи муосир қомат афрохтаанд. Аз ҷумла дар бинои якум ва дуюми хобгоҳ барои истироҳати кормандон шароити мусоиди зист фароҳам оварда шуда, он барои беш аз 600 коргар пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки минтақаи саноатӣ дар шаҳри Истиқлол дар масоҳати 70 гектар доман густурда, барои бунёди он дар маҷмӯъ 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Оянда дар Корхонаи металлургии Тоҷикистону Чин боз дар назар аст, ки корхонаҳои нави руҳ, аккумулятор, кислотаи сулфат, нуриҳои минералӣ ва қисмҳои эҳтиётии саноати кӯҳкорӣ сохта шаванд.

Барчаспҳо:
корхонаи металлургӣ, ифтитоҳ, Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Истиқлол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ